ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ба далели нақзи қонун дар Русия садҳо ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба феҳристи афроди таҳти назорат шомил шудаанд.
Дар ин бора сардори Вазорати корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ин рӯйхат беш аз 680 ҳазор нафар шомил шудаанд.
"Ҳадафи аслии ин феҳрист маҳдуд кардани иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари мост, яъне он шаҳрвандоне, ки заминаи қонунии будубоши худро дар кишвари мо аз даст додаанд. Дар ин феҳрист 685 ҳазор нафар ҳастанд", - гуфт ӯ.
Колоколтсев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия" шарҳ дод, ҷорӣ кардани ин махзани шахсон бояд муҳоҷиронро ба қонунигардонии будубоши худ дар Русия ташвиқ кунад.
"Онҳо бояд то 30 апрел ба мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шаванд, будубоши онҳоро қонунӣ кунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд", - таъкид кард вазир.
Дар ин ҳолат хориҷиён аз ин феҳрист хориҷ хоҳанд шуд, афзуд ӯ. Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.
Аз ин бармеояд, ки хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд.
Мӯҳлати ниҳоӣ 30 апрели соли 2025 муқаррар шудааст. Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.