ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар Душанбе чемпионати CAFA 2025 байни занони то 17-сола ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод. Гуфта мешавад, ки мусобиқа ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занон баргузор шудааст.
Дастаи занонаи Узбакистон барандаи чемпионати CAFA-2025 шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Ҳамин тавр, футболбозбонувони узбек тимҳои Эрону Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.
Ҳамчунин бозии ин даста бо футболбозони Қирғизистон мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Илова бар ин, мақоми дуюми ин мусобиқаро тими Эрон бо 6 имтиёз соҳиб шуд. Медали биринҷӣ насиби футболбозони Қирғизистон шуд, ки онҳо 4 хол доштанд.
Бонуфони футболбози Тоҷикистон бошад дар мусобиқа мукофоти махсус гирифтанд.
Қаблан тасмим гирифта шуд, ки мусобиқаи CAFA-2025 миёни дастаҳои занона (U-17) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шавад. Бозиҳо дар тӯли 4 рӯз дар шакли давр баргузор шуданд.