ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Русия Сергей Сивилёв масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳо бо истифода аз манобеъи барқароршавандаи энергия мавриди баррасӣ кард.
Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
“Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои манбаъҳои энергияи барқароршаванда (МЭБ) баррасӣ шуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин вазорат ҳамчунин ҷонибҳо омодагиро ба мулоқоти навбатии роҳбарони Русия ва Тоҷикистон муҳокима карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар мулоқот зарурати гузаронидани аудити лоиҳаҳои мавҷудбуда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии онҳо таъкид шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузории мизи мудаввар бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Моҳи январ Далер Ҷумъа дар як нишасти хабарӣ эълом карда буд, ки Тоҷикистон ва Русия дар бораи иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи энержии офтобӣ гуфтугӯ мекунанд.
Илова бар ин, вай таъкид кард, ки ҳарду кишвар дар масъалаи ҳалли қарзи интиқоли нерӯи барқ ба корхонаи муштараки нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба тавофуқи усулӣ расиданд.
Ҷонибҳо барои ворид намудани ислоҳоти дахлдор ба созишномаи байниҳукуматӣ кор доранд.