Талаботи шаҳрвандони Русия ба кортҳои бонкии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Шаҳрвандони Русия ба барориши фосилавии кортҳои бонкҳои Тоҷикистон аз ҷумла ба кортҳои Visa ва UnionPay алоқамандии зиёд пайдо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар авоили соли 2025, сокинони Русия ба барориши фосилавии кортҳои бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Дар ин бора рӯзномаи "Ведомости" хабар медихад.
Ба иттилои нашрия мардуми Русия, барои осон кардани рафту омад ва хириду фурӯш дар хориҷ роҳҳои алтернативӣ меҷӯянд.
Дар натиҷа, таваҷҷуҳ ба бонкҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон зиёд шудааст.
Дар ин кишварҳо кортҳои низомҳои байналмилалии пардохтӣ, аз қабили Visa, Mastercard ва UnionPay дастрасанд.
Дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонед кортҳои Visa ва UnionPay, дар Қирғизистон Visa ва дар Узбекистон Visa, Mastercard ва UnionPay гиранд.
Афзоиши назарраси кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон
Ғайр аз ин дар ин кишварҳо метавон суратҳисоб боз кард ва барои гирифтани корт ба таври фосилавӣ, бидуни ҳузури шахсӣ дархост кард.
Қайд карда шудааст, ки мӯҳлати амали чунин кортҳо метавонад то панҷ сол бошад.
Дар пасманзари афзоиши талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ дар Осиёи Марказӣ миёнаравҳое, ки барои дарёфти корт кумак пешниҳод мекунанд, фаъолтар шудаанд.
Нархи хидматҳои миёнаравӣ, ба гуфтаи нашрия, аз 15 то 70 ҳазор рубл аст.
Ёдовар мешавем, ки системаҳои пардохтии байналмилалии Visa ва Mastercard фаъолияти худро дар Русия моҳи марти соли 2022 пас аз сар задани амалиёти низомӣ дар Украина қатъ карданд.