Ҳушдори КҲФ: Дар роҳҳо хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Боришоти зиёд дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон ва гарм шудани дамои рӯзҳои ахир хатари лағзиши тармаро ба бор овардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, вазъият дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
КҲФ дар истинод ба ҳавошиносони тоҷик хабар додааст, ки то 7 марти соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи баланди бориши барф боқӣ мемонад.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳои автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони дастаҳои зудамали КҲФ посбонӣ карда мешаванд.
Тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ 7 нафарро зер кард
КҲФ таъкид кардааст, ки ин тадбирҳо дар давраҳои хавфи ба амал омадани вазъияти фавққулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи лағзиши тарма ба амал омадаанд, заруранд.
Дар робита ба ин, КҲФ-и Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.