ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Мутеъаллоҳ Обид, сухангӯи вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон* мегуяд, ки дар сурати таъмини молӣ аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ, Аморати исломӣ омодааст корҳои боқимондаи ин пружаро ба поён расонад, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои афғон”.
Ин пружаи бузурги минтақаӣ, ки кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро ба ҳам пайванд медиҳад, бо баҳрабардории комил, на танҳо фурсати транзити барқро барои Афғонистон фароҳам месозад балки ба афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ дар ҳавзаи энержӣ низ кумак мекунад.
Сухангӯи вазорати энержӣ ва об дар бораи ин пружа афзуд, ки CASA-1000, ки як пружаи минтақавиест, кори он 70% дар Афғонистон пешрафта ва илои 95% таҷҳизоти он низ ба соҳа мунтақил шудааст. Дар сурати таъмини ин пружа аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ, тарафи Афғонистон барои оғози дубораи кори ин пружа саддарсад омодааст.
Ба нақл аз хабаргузории “TOLOnews”, аз сӯйи ҳам Ҳикматуллоҳ Майвандӣ сухангӯи ширкат “Брешно” гуфтааст, дар ҷараёни соли равони милодӣ, кишварҳои дахил дар пружа CASA-1000 як нишаст ба сатҳи ҳайатҳои баландпоя баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Далер Ҷумъа, вазири энергутика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки кори сохтусози ин пружа дар Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расида ва ин пружа дар Покистон низ то нимаҳои соли ҷории милодӣ такмил мешавад.
Дар ҳамин ҳол, раиси пешини ширкати “Брешно”, пружаи интиқоли барқи CASA-1000-ро аз пружаи муҳим ва судовар барои Афғонистон медонад ва гуфтааст, ки дар сурати амалӣ шудан ин пружа, пружаҳои дигари зербинои минтақаӣ дар Афғонистон низ ба суръат ба марҳала иҷро хоҳанд расид.
Гуфта мешавад, ки музокирот миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва соири ширкатҳои ин пружа ба тавофуқи ниҳоӣ расида ва пешбинӣ мешавад, ки пружаи CASA-1000 то поёни соли 2026 дар Афғонистон низ такмил шавад.
Бо баҳрабардории ин пружа, Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонанд дар фасли тобистон то 1, 300 мегават барқи изофии худро ба Афғонистон ва Покистон содир кунанд. Афғонистон аз тариқи тронзити барқ, солона то 70 миллион доллар фоида хоҳад гирифт.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.