ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созмонҳои байналмилалӣ гуфтанд, ки сохтори амниятӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна ташаккул ёфтааст.
Сухан дар бораи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва БРИКС меравад.
Тавре ходими илмии Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов Даря Сапринская дар конфронси V Осиёи Миёна "Валдай" гуфт, Ғарб вазъи орому муътадилро намехохад ва ба вайрон кардани ягонагии Русия ва кишварҳои минтака манфиатдор аст.
"Пояи сохтори амнияти АвруОсиё, маркази он дар равобити мутақобилаи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст", - таъкид кард ӯ дар ин чорабинӣ.
Гузашта аз ин, дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон ба хулосае омаданд, ки ҳоло ҳатто Афғонистон ба як фазои имкони таъсиси сохтори нав дар минтақа табдил ёффтааст аст.
"Ғайр аз ин, қоидаҳоро ҳоло на аз ҷониби кишварҳо, балки аз ҷониби ҳамгироӣ ба монанди СҲШ, СПАД, БРИКС ва ИИАО ташаккул меёбанд - онҳо сохтори амниятро ташакул медиҳанд", - гуфт Сапринская.
Афзоиши омилҳои геоиқтисодӣ ҳоло асоси амниятро ташкил медиҳад, гуфт ӯ. Ба гуфтаи вай чизи асосӣ дар он алокамандии иктисодиёт аст.
"Мо бояд мушкилоти мушаххаси амниятро ҳамаҷониба муҳокима кунем: энергетика, демография, иқлим, иқтисод, рақамисозӣ",- илова намуд ӯ.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай як қатор ҳамгироӣ вуҷуд дорад, ки онҳо ҳамдигарро мувозинат мекунанд. Дар ҳоле ки раванди ташаккули фазои ягона идома дорад, гуфт Сапринская.
Рӯзҳои 4 ва 5 март Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" дар Иркутск Конфронси панҷуми Осиёи Марказиро "Русия ва Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ" баргузор мекунад.
Мавзӯи он: "Русия ва Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ". Дар конфронс беш аз 50 коршинос ва шахсиятҳои сиёсӣ аз 10 кишвар, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон ширкат доранд.