Бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол бо VAR назорат мешаванд

Федератсияи Футболти Тоҷикистон эълон кардааст, ки бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол дар соли 2025 бо низоми VAR назорат мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар тамоми бозиҳои даври аввал, ки рӯзҳои 7, 9 ва 10 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд, системаи VAR фаъолият менамояд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти федератсияи Футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар ҷаласае дастур дода буд, ки тамоми бозиҳои чемпионати Тоҷикистон аз сӯйи VAR назорат шаванд.
Бояд қайд кард, ки 7 март 34-умин мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз мешавад.
чемпионати Тоҷикистон дар ду давр бо иштироки 12 даста баргузор мешавад.
Дар охири мавсим ҳар даста дар чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳанд.
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Тибқи қоида дастае, ки дар Лигаи олӣ дар мавсими соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи аввал меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.
Инчунин тибқи қоидаҳои нав, дар соли 2025 ҳар дастаи Лигаи олӣ метавонад ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷиро бо дархости худ ворид кунад, аммо танҳо панҷ легионер дар як вақт имкон дорад дар майдон бошад.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни чемпиони мамлакат – дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода тасдиқ карда шуд.
Бозӣ 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.
Соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат гашта, вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегирад.