ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Роҳбарияти Саридораи геологияи Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Узбекистон мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи соҳаи геология баррасӣ шуд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ин дидор корҳои муштараки иктишофи геологӣ, рақамикунонии маводи геологӣ ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ 5gr-6gr дар формати электронӣ ва онлайнӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Помир) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Саридораи геологияи Тоҷикистон қайд кардааст, ки сафари ҳайати Вазорати саноати кӯҳӣ ва геологияи Узбекистон ба кишвар то 8-уми март идома хоҳад ёф.
Дар доираи он меҳмонон аз ташхисгоҳҳои геологӣ ва Осорхонаи геологӣ боздид хоҳанд кард.
Инчунин ба иттилои Саридораи геологияи Тоҷикистон дар доираи сафар имзои протоколи ҳамкорӣ бо ҳайати Узбекистон дар назар дошта шудааст.