ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазрати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як паёме ба тоҷирону таъминкунандагони маҳсулоти хурокворӣ муроҷиат кардааст.
ВКД қайд кардааст, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои иҷрои амалҳои савоб ба шумор меравад.
“Дар ин моҳ ҳамагон талош менамоянд, то ки ба мардум нафърасон бошанд”, - қайд кардааст ВКД.
Ин ниҳоди қудрати зикр кардааст, ки як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хуроквориро гарон мекунанд.
“Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист”, - таъкид кадааст ВКД.
Хабар дода шудааст, ки кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
ВКД қайд кардааст, ки новобаста аз санҷишҳо ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист.
“Бо назардошти ин, аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда мешавад, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд”, - қайд кардааст ВКД.
Таъкид гардидиааст, ки агар қонуншиканиҳо ошкор шавад, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муфтии Тоҷикистон низ аз соҳибкорон даъват карда буд, ки дар моҳи Шарифи Рамазон нархҳоро дар бозору мағозаҳо боло набаранд.