Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025

Раиси КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард

Ба гуфтаи раҳбари КМИР интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд.
Дар ин бора Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, эълон кард, ки ҳузури шаҳрвандони кишвар дар ин мақракаи сиёсӣ аз 59% гузашт.
"Соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ (10:00 бо вақти Маскав) дар тамоми 3513 ҳавзаи интихоботии ҷумҳурӣ 59% интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок карданд, ки ин шумора беш аз нисфи шумораи умумии интихобкунандагон буда, интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад", - гуфт раиси комиссия.
Манбаъ зикр кардааст, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.
Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихоботй ва 3513 нуқтаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст.
Дар тамоми манотиқи Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
Маврид ба зикр аст, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб мешавад.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2025
Раҳмон дар интихоботи парлумонӣ овоз дод
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ 229 нозири байналмилалӣ ҳузур доранд, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.
Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил-41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд.