ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи палатаи поёнии парлумони кишвар овоз дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Раҳбари Тоҷикистон субҳи имрӯз ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф овард.
Бар асоси қонун, Раҳмон баргаи раъй гирифта, дар ҳузури нозирони байналмилалӣ ба ҷонибдории номзади арзанда раъйи худро дод.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки интихобот дар Тоҷикистон дар фазои ором ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ ҷараён дорад ва мардум озодона ба ҷонибдорӣ аз номзадҳо ва аҳзоби гуногун овоз медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 63 нафар вакил интихоб хоҳад шуд.
Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, вакилон ба муҳлати 5 сол – то соли 2030 интихоб мешаванд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҷараёни интихоботи порлумониро 229 нозири байналмилалӣ назорат хоҳанд кард, ки 157 нафари онҳо аз кишварҳои ИДМ мебошанд.