ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ баррасӣ ва қабул шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлис ҳамчунин стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 гузориши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода шунида шуд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик стратегияи миллӣ ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур супориш дод, ки вазорати маориф ва илм, идораҳои дахлдор ва мақомотҳои маҳаллӣ барои амалисозии стратегияи мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа тадбирҳои мушаххас андешида.
“Ҳамасола то 1 феврал ба ҳукумати Тоҷикистон маълумот диҳед”, супориш дод Раҳмон.
Дар идомаи маҷлис Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Тоҷикистон ва Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ин идома додани корҳои зарурӣ, муайян намудани иншооти зарардида ва ба пуррагӣ безарар ва солим гардонидани мавзеъҳои аз истеҳсолоти коркарди уран зиёндида дар ҷумҳурӣ мебошад.
Инчунин барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 бошад, бо мақсади фароҳам овардани шароит ва муҳайё намудани имконият барои ба касбомӯзию шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда таҳия гардидааст.
Гуфта шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои иҷро ва татбиқи амалии нақшаву барномаҳои номбурда ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Дар маҷлис Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, аз ҷумла саноати куҳӣ, нассоҷӣ, афзун намудани коркарди ватании канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти кишоварзӣ, бо роҳи зиёд кардани иқтидорҳои иловагии тавлиди неруи барқ, аз ҷумла аз манбаъҳои неруи “сабз” таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ ба масъулин супоришҳо додааст.
Ҳамчунин вобаста омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо дод.