Раҳмон гуфт, хайру савоб дар моҳи Рамазон чӣ хосият дорад

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамеша ва хусусан, дар моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти ёрӣ дароз кард ва хислатҳои неки инсониро риоя намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш ба муносибати моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки шахсе, ки дар ин моҳ як амали нек ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш таъкид кард, ки садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон яке аз амалҳои хайре мебошад, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст.
“Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд: "Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад"”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай инчунин қайд кард, ки садақа аз назари иҷтимоӣ – ҳамрозу ҳамнавои ҷомеа дар ғаму саодати он будан аст.
“Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон, оилаҳои камбизоат ва шахсони басаробон дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии кишвар ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум саҳм гузоштан бисёр муҳим мебошад”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳмон: Мо бояд арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии худро ҳифз намоем
Кишвардори Тоҷикистон гуфт бунёду таъмири муассисаҳои тиббӣ, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо, об баровардан ба маҳалли зисти ҳамдиёрон ё обод кардани манзили зисти оилаҳои камбизоату муҳтоҷ нисбат ба ҳар амали таассубомез арзиши зиёди маънавию иҷтимоӣ ва манфиату савоби бештар дорад.
Раҳбари Тоҷикистон гуфт, фаромӯш набояд кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ, сабру тамкин ва парҳез аз ғизо, балки озмоиши руҳу равон ва покизагии нияту амали инсон низ мебошад.
“Мо бояд ҳамеша ва хусусан, дар моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти ёрӣ дароз кунем ва хислатҳои неки инсониро риоя намоем. Дигар аз фазилатҳои бузурги ин моҳ аз он иборат аст, ки шахси мусулмон бояд аз хароҷоти бемавқеъ ва исрофкорӣ, ки боиси мушкилӣ дар рӯзгори худи ӯ мегардад, худдорӣ намояд”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.