ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон дар доираи корҳои аломатгузорӣ мубодилаи одилонаи қитъаҳои заминро анҷом доданд, гуфт муовини сарвазири Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев.
“Мо мубодилаи одилона анҷом додем. Ҳамон қадаре, ки замин додем ҳамон қадар замин гирифтем”, - гуфт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Тавре хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба гуфтаҳои Тошиев менависад, бар асоси тавофуқи ду кишвар, рустои Достук дар вилояти Бодканд ва чанд манотиқи дигар ба ихтиёри Тоҷикистон вогузор мешавад.
Ба ивази ин Қирғизистон деҳаи Сомониен ва як қисми деҳаи Ҳоҷӣ-Аллоро мегирад.
Мақоми анклави Қарағочи Тоҷикистон соддатар мегардад, минтақаи баҳсбарангези Торт-Кочо, ки тавассути он шоҳроҳҳои нақлиётии Қирғизистону Тоҷикистонмегузарат мақоми бетараф хоҳад гирифт. Масъалаи ҳавзи обкашии "Головной", ки аксаран боиси муноқиша мегардад, низ ҳал шуд.
Сарҳади ҳазоркилометрии миёни Қирғизистону Тоҷикистон давра ба давра ба як минтақаи даргириҳои ҷиддӣ миёни сокинони маҳаллӣ ва марзбонони ду кишвар табдил шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар парлумони Қирғизистон Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар гуфт, "шурӯъ аз имрӯз муҳри махфӣ ё "барои истифодаи хидматӣ" аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон бардошта мешавад".
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд ҳамаи масъалаҳо ошкоро баррасӣ хоҳанд шуд.
“Мо ҳамаро ошкоро баррасӣ мекунем, зеро мо аллакай ба созиш расидем, имзо гузоштем. Баъди он, ки дар кумитаҳо (дар порлумони Қирғизистон) тарҳро баррасӣ мекунанд, ин ҳуҷҷат аз сӯи президент имзо мешавад. Баъдан мо барои тасдиқ (ратификатсия) ба порлумон бармегардем, баъди он президентҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд ва созишнома баста мешавад",-гуфтааст Тошиев.
Бояд қайд кард, ки то ҳоли ҳозир назари мақомоти Тоҷикистон дар мавриди марз ва созишнома бо Қирғизистон расман эълон нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар се санадро имзо карданд. Инҳо:
Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ
Созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии роҳҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии чорроҳаҳо
Созишнома миёни кобинаи вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.