ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир дар масири Душанбе Чаноқ бартарафсозии тармаҳо идома дорад.
Ин манбаъ чанде пеш хабар дода буд, ки дар километри 61 то 83 - юми роҳи мазкур якчанд тармаи хурду калон фаромад.
“Новобаста аз он ки ҳолати мазкур шабона рух дод, кормандони ин ширкат ба бартарафсозии тармаҳо машғуланд”, - қайд кардааст масъулини ин ширкат.
Ин ширкат қайд кардааст, ки бартарафсозии 7 тармаи хурду калон, ки шаби гузашта дар роҳи Душанбе - Чаноқ фаромаданд босуръат идома дорад.
Бориши барф низ дар ин масир пуршиддату давомдор буда, дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур баландии барф ба 80 сантиметр расидааст.
“Дар робита ба ҳолати мазкур ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд шуда, тамоми кӯшиш ба он равона шудааст, ки зудтар монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд”,- таъкид кардааст ин ширкат.
Ин ширкат ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки аз кушода шудани роҳ, ҳатман дар соатҳои наздик хабар хоҳад дод.