Дар Хуҷанд нишасти сеҷонибаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад

Ҷонибҳо умедворанд, ки чорабинӣ як қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад буд, гуфт муовини сарвазири Қирғизистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Аввалин нишасти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар Хуҷанд баргузор мешавад.
Қарор аст, мулоқоти сарони кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ рӯзи 31 март баргузор шавад.
Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини нахуствазири Қирғизистон зимни суханронии худ дар иҷлосияи 58-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева хабар дод.
Ин чорабинӣ дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ як қадами муҳим хоҳад буд, гуфт ӯ.
Имзои созишномаи таърихӣ дар бораи марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз созишномаи таърихӣ имзо карданд.
Ҳуҷҷати таъйини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар Бишкек сарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев тасдиқ карданд.
Имзои ҳуҷҷат дар вазъияти дустона гузашт, ки баъди он чапакзании пурмавҷ барпо гардид.