ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Ҳизби Олаф Шолтс дар интихоботи Олмон бо шикасти шадид дучор шуд.
Дар ҳамин ҳол, ҳизби ростгарои “Роҳи дигар барои Олмон”, ки аз ҷониби Илон Маск пуштибонӣ мешавад, шумораи рекордии овозҳоро ба даст овардааст.
Дар интихоботи парлумонӣ Ҳизби иттиҳодияи Олмон (CDU/CSU) бо 28,6% раъй пирӯз шуд, Ҳизби “Роҳи дигар барои Олмон” (AfD) бо 20,8% дар ҷои дуюм ва Ҳизби сотсиал-демократҳои садриаъзам Шолтс (SPD), ки солҳои тӯлонӣ қудратро дар даст дошт, бо 16,4% дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.
"Ин натиҷаи харобиовар ва фалокатбор аст" гуфт вазири дифоъи Олмон ва узви ҳизби SPD Борис Писториус.
Илова бар ин, ӯ таъкид кардааст, ки ҳизбаш омода аст бо ғолиби интихобот эътилоф таъсис диҳад.
Дар ҳамин ҳол, номзад ба мақоми садриаъзам аз ҳизби ғолиби CDU/CSU, Фридрих Мертс дастёбӣ ба истиқлолият аз Иёлоти Муттаҳидаро авлавият номида, таъкид намуд, ки давлатҳо ба ояндаи Украина “нисбатан бетафовут” ҳастанд.
Интихоботи пеш аз мӯҳлат ба Бундестаг рӯзи якшанбеи 23 феврал баргузор шуд.
Интихоботи навбатӣ ба далели фурӯпошии эътилофи ҳокими SPD, “Сабзҳо” ва Ҳизби демократҳои озод соли гузашта ба далели ихтилофоти шадид дар сиёсати молӣ миёни Шолтс ва раҳбари Ҳизби демократҳои озод Кристиан Линднер, инчунин дар пасманзари бӯҳрони иқтисодӣ дар кишвар баргузор шуд.