Гуфтугӯи телефонии Путину Раҳмон: Президентҳо чиро баррасӣ карданд

Руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки сарони ду давлат ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар пайи сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия рӯзи 24 декабри соли 2024 ҳосил шуда буд, дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ намуданд.
"Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд", - хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Русия.
Гуфта мешавад, ки натиҷаи ин сӯҳбат дастурҳои сарони давлатҳо ба ҳукуматҳо ва идораҳои дахлдор хоҳад буд.
Раҳмон ба Путин гуфт, Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Русия қаноатбахш аст
Сарони давлатҳо аз сатҳи баланди шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки Путин ва Раҳмон дар бораи ҷадвали мулоқотҳои шахсӣ низ мувофиқа кардаанд.
Мулоқотҳои сатҳи баланд миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар охири моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта буд. Путин ва Раҳмон пайваста дар тамос ҳастанд, мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои телефонии онҳо мунтазам сурат мегирад.