ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мулоқот бо Сафири Малайзия дар Тоҷикистон Илҳом Туаҳ Илёс гуфт, ки муносибат миёни ҳар ду кишвар, хусусан ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ солҳои охир густариш меёбанд.
Дар ин мулоқот раиси Бонки миллӣ пешниҳод намуд, ки ҳамкорӣ байни низоми бонкии Малайзия ва Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иштироки сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, инчунин барои кушодани бонки фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо дар қаламрави мамлакат пурра дастгирӣ намуда, қонунгузории кишвар дар ин самт шароити мусоид фароҳам овардааст.
“Имрӯз нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар беҳтар гардида, шумораи ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла барои гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш меёбад”, - қайд кардааст раиси БМТ.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати самаранок татбиқ намудан ва риояи стандартҳои байналмилалии бонкӣ инчунин вобаста ба баланд бардоштани иқтидори БМТ дар соҳаи танзим ва назорати ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои суғурта, татбиқи ипотекаи исломӣ тавассути ташкилотҳои қарзӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани суғуртаи такафул суҳбат намуданд.
Дар хотима ҳар ду ҷониб барои таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ ва бозори суғурта ҳавасмандӣ изҳор намуданд.