ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон корхонаи бузурги шишабарории муштараки Узбекистону Тоҷикистон бунёд мешавад.
Ин масъала дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори генералии корхонаи шишабарории вилояти Фарғонаи Узбекистон "Кварс" Акмалҷон Бӯриев баррасӣ шуд.
Тавре сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар додааст, дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Қайд карда шудааст, ки ахиран Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳ бо коршиносон дар ноҳияи Қуввасойи вилояти Фарғона дар корхонаи шишабарории "Кварс" бо фаъолияти корӣ ва тавлиди шиша дар ин коргоҳ шинос шуданд.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд.
Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон боз як корхонаи пуриқтидори саноатӣ таъсис гардад.