ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тоҷикистон пешнависи қатъномаро дар бораи тағйири иқлим муаррифӣ кард.
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷаласаи гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии чунин аснод дар пойтахти Таиланд сурат гирифт.
Маълум аст, ки лоиҳа "Тақвияти ҳамкорӣ оид ба тағирёбии иқлим ва пайвастагии об барои рушди устувор дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором" ном дошт.
Дар ин резолютсия вусъат додани ҳамкории мамлакатҳои аъзои Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, он барои ноил шудан ба Ҳадафи №6 рушди устувор (Оби тоза ва беҳдошт) мусоидат мекунад, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни муаррифӣ намояндаи ҷумҳурӣ нақши пешбаранда ва таъсири кишварро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим қайд намуд.
Илова бар ин, дар рафти чорабинӣ аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки қабули минбаъдаи ин ҳуҷҷатро дастгирӣ намуда, ба ин васила рушди устувори рӯзномаи иқлимро дар минтақа таъмин намоянд.
Қаблан маълум шуд, ки охири моҳи майи соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, кишварҳои узви БРИКС-ро барои ширкат дар ин чорабинӣ даъват кардааст. Бояд гуфт, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст.