Шарҳи Лавров дар бораи созишномаи душаҳрванди миёни Русия ва Тоҷикистон

Миёни Русия ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба таври қонунӣ аз ду шиноснома тоҷикӣ ва русӣ истифода намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳалли масъалаҳои душаҳрвандӣ муфид буда, ба манофеи шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷавобгӯ аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як соати ҳукуматӣ дар Думаи давлатӣ суханронӣ кард.
"Созишнома амалкунандаву муфид ва баробар аст, ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, албатта, зеро онҳо дар ин ҷо зиёданд, ҳамчунин ин ба манфиати он русҳое, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ҳаст ва ҳар як шаҳрванд барои мо азиз аст", - гуфт ӯ.
Созишнома соли 1996 дар поёни низоъҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баста шуда буд. Ба гуфтаи Лавров, созишнома "дар таъмини заминаи боэътимоди эътилоф"-и кишварҳо нақши хеле муфид бозидааст ва мебозад.
Лавров: Сахт кардани низоми вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ ба манфиати Русия нест
Дар бораи муқаррароти ин санад дар мавриди озод кардан аз хидмати ҳарбӣ вазир таъкид кард, ки “ин дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтааст”.
"Дар Тоҷикистон ҳарчанд шаҳрвандони Русия кам бошанд ҳам, онҳо аз шароитҳои шабеҳи шаҳрвандони тоҷик дар Русия бархурдор ҳастанд", - афзуд вазири умури хориҷаи Русия.
Миёни Русия ва Тоҷикистон созишномае ҳаст, ки шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба таври қонунӣ аз ду шиноснома тоҷикӣ ва русӣ истифода намоянд, яъне ҳамзамон шаҳрванди ду кишвар буданро доранд.