ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар Русия бар ин назаранд, ки ҳадафҳо дар Украина бояд беҳтараш бо роҳи сулҳ, тавассути музокирот ҳал шаванд.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
"Ҳама ҳадафҳо (дар Украина) бояд беҳтараш бо роҳи сулҳ, тавассути музокирот ба даст оварда шаванд", - гуфт Песков.
Вай аз суханони Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар бораи қобили қабул набудани истиқрори низомиёни НАТО дар қаламрави Украина ёдовар шуд.
Оқои Песков инчунин бархӯрди ҳукумати президенти ИМА Доналд Трампро ба зарурати истиқрори сулҳ дар Украина тавассути музокирот арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Песков, ин ба Маскав маъқул аст. Дар ҳоле ки ҳукумати раисиҷумҳури пешини Амрико Ҷо Байден хостори ҷанг дар Украина буд ва пули Амрикоро барои он масраф кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия, дар ин муддат режими Украина ба вобастагии беназорат одат кардааст.
Ҳоло Маскав ихтилофоти байни Вашингтону Киевро сабт мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Песков, дар бораи ҳалли низоъ дар Украина маълумоти мушаххас ҳанӯз кам аст.
“Барои ноил шудан ба ин чораҳои муайян андешида мешаванд, аммо дар робита ба худи созиш, мушаххасот ҳанӯз кам ҳаст", - гуфт ӯ.
Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп паёме нашр кард, ки дар он Зеленскийро "диктатори бидуни интихобот" номид ва ҳамчунин аз зарурати баргузории интихобот дар Украина пуштибонӣ кард.
Ба гуфтаи раҳбари Амрико, рейтинги Владимир Зеленский то 4% поин рафтааст.