Пизишкиён: Муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии Эрону Тоҷикистони заминаи рушди равобит аст

Нахуствазири Тоҷикистон, ки ба Эрон манзури ширкат дар иҷлосияи иқтисодии Хазар ба Теҳрон сафар кардааст бо раисҷумҳури ин кишвар дидору мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гуфт, ки Эрону Тоҷикистон заминаи муносиб барои густраиши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ доранд.
Тавре хабаргузории “ИРНА” хабар додааст Масъуд Пизишкиён дар дидор бо Қоҳир Расулзодаи нахуствазири Тоҷикистон, бар лузуми иҷро шудани асноди ҳамкорӣ ва тавофуқот миёни ду кишвар дар сафари ахири худ ба Тоҷикистон таъкид кард.

“Ду кишвар Эрону Тоҷикистони муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде доранд ки бистари муносибе барои таъмиқи равобити фимобин дар ҳавзаҳои фарҳангӣ, ҳунарӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва санъатӣ аст”,- гуфт ӯ.

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба тавофуқи лағви раводид миёни ду кишвар тасреҳ кард, ки ин иқдоми муҷиби густариши равобити фарҳангӣ миёни ду кишвар ва тасҳил дар рафту омади гардишгарони эронӣ ва тоҷикистонӣ хоҳад шуд.
Расулзода: Тоҷикистон омода аст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар “энергияи сабз” диҳад
Қоҳир Расулзодаи нахуствазири Тоҷикистон низ дар ин дидори зимни ташаккур аз меҳмоннавозии давлати Эрон иблоғи саломҳои гарми раисҷумҳури Тоҷикистон ба доктори Пизишкиён тасреҳ кард.
“Сафари ҷаноби олӣ ба кишвари мо муҷиби хушҳолии давлату миллати Тоҷикистон ва таҳаввуле дар равобити миёни ду кишвар шудааст ва мо мусаммам ба иҷро шудани тавофуқот миёни ду кишвар ҳастем”,- гуфт Расулзода.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба манзури ширкат дар иҷлосияи иқтисодии хазар ба Теҳрон сафар кардааст.