ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомдорони Озарбойҷони ғарбӣ соҳибкорони тоҷикистониро барои сармоягузорӣ ба ин устони Эрон даъват карданд.
Ин масъала дар мулоқоти Муртазо Сифрӣ, мудири кулли мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Озарбойҷони ғарбӣ бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, вазири рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Теҳрон баррасӣ шуд.
Оқои Сифрӣ бо ишора ба зарфиятҳои гардишгарӣ, торихӣ ва саноеъи дастии устон изҳор кард, ки Озарбойҷони ғарбӣ беш аз як ҳазор ва 800 асари сабти миллӣ ва панҷ асари сабт ҷаҳонӣ дошта ва низ дар риштаҳои муъаррақу мунаббати чӯб, чармдузӣ, гилембофӣ, ва ғайра ҳарфи зиёде барои гуфтан дорад.
Вай афзуд, ки Озарбойҷони ғарбӣ дорои табиати зебо, обшорҳо, ҷангалҳои сарсабз, дарёчаҳо ва аз назари кишоварзӣ низ ҷузви устонҳои пешрав дар кишвар буда аз ҷумла дар тавлиди асал, себ, ангур, тухми офтобгардон ва ғайра дар радаҳои нахуст қарор дорад.
Сифрӣ бо даъват аз сармоягузорон тоҷикистонӣ барои сармоягузорӣ дар Озарбойҷон ғарбӣ гуфт, ки ин устон биҳишти сармоягузорӣ буда ва ҳимоятҳои лозим аз сармоягузорон анҷом мешавад ва дар ҳоли ҳозири иҷрои 49 пружа тавассути бахши хусусӣ дар Озарбойҷон ғарбӣ роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран миёни эрон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши гардишгарӣ ба имзо расид. Ҳамчунин миёни ду кишвар ахиран гирифтани раводид ё визо лағв шуд.