Дар Суғд нархи гӯшту равған гарону орду шакар арзон шудааст – видео

Дар вилояти Суғд соли гузашта қимати гӯшт, равған ва сабзиву карам якбора боло шуда, аммо тухму орд ва шакар арзонтар шудааст
Sputnik
Дар шимоли Тоҷикистон мизони таваррум тайи соли 2024 ҳудуди 3,6%-ро ташкил додааст.
Дар ин бора сардори Сарраёсати омор дар вилояти Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода зимни ироаи санҷишҳои ниҳодаш аз вазъи бозорҳои вилоят изҳор дошт.
Вай дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ҳар ҳафта се маротиба нархи молу маҳсулот дар бозору фурӯшгоҳҳоро мушоҳида ва таҳқиқи мекунанд.
Бино ба гуфтаи вай, дар соли 2024 асосан нархи маҳсулотҳои озуқаворӣ ба монанди равғаи офтобпараст 4,2%, биринҷ 5,6%, шир ва маҳсулоти ширӣ 8%, лубиё 10,9%, мош 11,9%, гӯшт ва маҳсулоти гӯшӣ 15,5%, равғани пахта 16,7%, сабзӣ 26,1% ва карам 29,1% баланд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии Суғд ба 22 млрд сомонӣ расидааст
Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра нархи себ 0,6%, нахуд 1,8 %, тухм 2%, картошка 4,1%, пиёз 5,4%, орди навъи якум 11,5%, шакар 13% ва ярмаи марҷумак (гречка) 28,4% арзон шудааст.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2024 умуман индекси нархҳо 103,6% ро ташкил кардааст, ки аз ин молҳои озуқаворӣ 103,1% ва дараҷаи нархи молҳои ғайриозуқа ба 103,4% баробар шудааст.