Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ ба Эрон меравад

Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар, ки дар Теҳрон доир мешавад, иштирок кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ,16 фев – Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ вориди Эрон мешавад.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати расмии Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон баргузор мегардад.
Замони сафар душанбеи 17 феврал таъйин шуда, Расулзода дар раъси як ҳайат ба Теҳрон меравад.
Дар назар аст, ки Расулзода ба сифати меҳмони махсус дар Конфронси сеюми иқтисодии Хазар иштирок мекунад.
Севвумин конфронси иқтисодии Хазар рӯзҳои 29 ва 30-и Баҳман бо ҳузури нахуствазирон ва вазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон баргузор мешавад.
Оғози форсӣ: Чаро раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон омад?
Ёдовар мешавем, ки ахиран Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард.
Ӯ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол намуд ва дар он аз ӯ ва ҳукумати Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ин сафар равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишварро боз ҳам таҳким ва густариш медиҳад.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоби кишвардори нави Эрон дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён иштирок дошт.
Худи Пизишкиён рӯзи 15 январ бо сафари давлатии дурӯза ба Тоҷикистон омада буд.