ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Маликшо Неъматзодаро дар курсии раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Чиллазода Қарахон иваз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи иттифоқҳои касаба.
Ба иттилои манбаъ, ахиран бо иштироки аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони дигари масъули дастгоҳи марказии он ҷаласаи ғайринавбатии Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа барои баррасӣ як масъала буд — ин интихоби раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буд.
Дар ин ҷаласа тариқи овоздиҳии якдилона Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо овоздиҳии аъзои Шурои генералӣ Маликшо Неъматзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон озод шуд.