ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,0 фоиз қимат шудааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Ба гуфтаи вай болоаравии нарх асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти гӯштӣ – 16,6 фоиз (гӯшти гов – 28,5 фоиз, гӯшти гӯсфанд – 19,9 фоиз ва гӯшти моҳӣ – 2,8 фоиз) сурат гирифт.
Инчунин оқои Нурмаҳмадзода қайд кард, ки ба болоравии нарх қиматшавии равған ва чарбу – 15,8 фоиз (равғани офтобпараст – 11,5 фоиз ва равғани пахта – 10,7 фоиз); нӯшокиҳои спиртдор – 10,4 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ – 9,7 фоиз ва тамоку – 5,8 фоиз таъсир расонидааст.
Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои хӯрокворӣ таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5%, нон ва маҳсулоти нонӣ 17%, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,5%, сабзавот ва картошка 5,4% ва равғани растанӣ 4,3% афзалият дорад.
Инчунин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нархи маҳсулоти нонӣ ва ярмаҳо – 1,2%, нӯшокиҳои беспирт – 3,5%, шакар – 9,5% ва мевагиҳо 9,7% арзон шудааст.