ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз дар ниҳодҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Бо фармонҳои Президент ба вазифаи Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Ҳисайнзода Назрулло ва ба вазифаи Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд Мирзозода Саидшоҳ Давлат таъин гардиданд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президент намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндагони низомии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва назди созмонҳои минтақавӣ низ таъйин гардиданд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони воҳидҳои низомӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъутомҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварро бо кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибтахассуси низомӣ таъйин кард.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки раисҷумҳур бо кадрҳои таъйиншударо дидору гуфтугӯ кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат низомиёни ба вазифаҳои нави масъул таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ва Ватан ва мардуми Тоҷикистон, даъват кард.
Вай таъкид кард, ки дар вазъияти басо ҳассосу мураккаби имрӯза дар минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як афсару сарбоз, ҳар як муҳофизи Ватан омӯзиши ҳамаҷонибаи усулҳои муосири ҳарбу зарб, ҳушёрию зиракии касбӣ ва омода будан ба ҳар гуна ҳолатҳои мунтазираву ғайримунтазира талаб карда мешавад.
Ҳамчунин ӯ аз кадрҳо барои роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва таъминоти босифати эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.