Чорабинии хайриявии "Рӯзи донор"-и хун дар созмони ҷамъиятии "Нур" имсол низ чун анъана теъдоди зиёди одамонро дар дафтари ин созмон гирд овард.
Дар ин ташкилоти маъракаи солонаи "Рӯзи донори хун" ҳамасола баргузор мешавад ва ҳама имкон доранд омада, аз муоинаи пешакӣ гузаштаву донор шаванд.
Ба гуфтаи дастандарткорон, таваҷҷуҳ ба чорабинӣ афзудаву хоҳишмандони майли кумак ба ниёзмандон ҳамасола меафзояд.
Чун анъана бисёре аз иштирокчиён бо дӯстону наздикон омадаанд, то саҳмашонро дар кори нек гузоранд. Ба гуфтаи онҳо бо ин роҳ мешавад, ҷони касеро наҷот дод ва ба касе кӯмак кард.
Аксияи хайриявии "Рӯзи донор" дар диаспораи тоҷикони созмони ҷамъиятии "Нур" сурат мегирад, ки ҳамакнун ҳафт сол аст, ки ин анъана давом дорад.
Дар чорабинии навбатӣ ба гуфти масъулин аллакай 50 литр хун ҷамъоварӣ шудааст.
Ин чӣ гуна рӯй дод ва чаро барои иштирокчиён кӯмак кардан ба одамон муҳим аст - видеоро тамошо кунед.