ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Аз 1 сентябри соли 2025 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд, хабар додааст котиботи президент.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд, хабар додааст котиботи президент.
Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30% зиёд мешавад.
Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.
Бо фармони президент, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ низ 20% зиёд мешавад.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10% индексатсия карда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ кунанд.
Таъкид шудаст, ки ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷа, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин хоҳад шуд.