ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 8,75% муқаррар карда шуд, хабар медиҳад Бонки миллии кишвар.
Ба иттилои БМТ, меъёри нави бозтамвил аз 10 феврал мавриди амал қарор гирифта, дар муқоиса бо нишондоди пешӣ 0,25% камтар аст.
Танзимгари молиявии ҷумҳурӣ бори аввал дар соли 2025 меъёри бозтамвилро поин мебарад. Дар соли 2024 БМТ се маротиба меъёри бозтамвилро тағйир дода буд.
Қаблан, аз моҳи августи соли 2024 меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 9% муқаррар шуда буд.
" Қарори мазкур дар асоси вазъи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ қабул карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
БМТ низ бо дарназардошти "интизориҳои нисбатан устувори таваррум" қурби мизони худро поин бурд, гуфт хадамоти матбуотӣ.
Ин нахустин тағйирёбии меъёри бозтамвил дар соли 2025 аст.
Тибқи маълумоти ахир, Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррумро барои 3 соли оянда дар ҳадди 5% пешбинӣ кардааст.
Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, меъёри ҳадди ақали фоизест, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ба бонкҳои тиҷоратии кишвар қарз медиҳад.