ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Тавассути Агентии рушди байналмилалии USAID, ИМА ба узвияти Тоҷикистон дар ИИАО халал мерасонанд.
Баҳори соли гузашта USAID эълон кард, ки як лоиҳаи нав ба маблағи 18 миллион долларро барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ мекунад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо раҳбари Клуби таҳлилии АвруОсиё Никита Мендкович сӯҳбат кард ва суол кард, ки ин маблағ барои чӣ масраф мешавад.
"Комилан возеҳ аст, ки 18 миллиони ҷудошуда он қадар маблағе нест, ки шояд ба он аҳамият дод. Муҳимтар аз ҳама, ҳадди ақал нисфи он бояд дар давоми чанд моҳ ба Иёлоти Муттаҳида бармегашт. Дӯстону наздикон ба роҳбарияти агентӣ ё идораи маҳаллии он, ки аз ҷониби USAID ҳамчун мушовир ва пудратчӣ ҷалб шудаанд, ба хайрхоҳони худ дар Иёлоти Муттаҳида ришва медиҳанд”, гуфт коршинос.
Дар мавриди маблағҳои боқимонда, идома дод Мендкович, онҳо ё воқеан барои дастгирии доираҳои муайяни сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла онҳое, ки мухолифи вуруди ин созмон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ё бар зидди рушди ҳамкориҳо бо Маскав буданд, истифода мешуданд.
"Ба касе пӯшида нест, ки барои мисол, USAID маркази мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистонро ба тасарруфи худ гирифта, онро мехоҳад ба биолабораторияи Амрико табдил диҳад. Онҳо талош доранд, ки кормандони онро маҷбур созанд, на ба манфиати мардуми тоҷик, балки ба манфиати артиши Амрико кор кунанд", - мегӯяд таҳлилгар.
Дар воқеъ, онҳо мехоҳанд, ки Марказро ба боз як биолабораторияи низомӣ табдил диҳанд, ба монанди чунин лаборатория дар Украина.
Ба гуфтаи раиси Клуби таҳлилии АвруОсиё, комилан рӯшан аст, ки ин ҳама сӯҳбатҳо дар бораи баъзе ниятҳои неки пуштибонӣ, танҳо як пӯшиш барои талошҳои сиёсӣ ва низомии Иёлоти Муттаҳида аст.
Ба эътиқоди вай, бо вуҷуди он ки феълан фаъолияти ин Оҷонсӣ бо амри Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мутаваққиф мешавад, талошҳои Амрико барои вуруд ба минтақа ва ноором кардани субот идома хоҳад ёфт.
Масалан, дар оянда метавонад ба ҷангҷӯёни исломгаро, ки дар Бадахшони Афғонистон қарор доранд, барои эҷоди таҳдидҳо дар наздикии марзҳои Тоҷикистон маблағ фиристода шавад.
“Ҳадаф бетағйир боқӣ мемонад - харобии Тоҷикистон, барҳам додани субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст”, - хулоса кард Мендкович.