“Экстази ба ҷои банг”: даврони мухаддироти табиӣ ба поён расид?

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон аз афзойиши бесобиқаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири синтетикӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Зоҳиран маводи мухаддири синтетикии саноатӣ бозори маводи мухаддири табииро танг мекунад.
Самад Зафар Тағой, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, бино ба таҳлилҳои мутахассисин, бозори ҷаҳонии хариду фурӯши маводи мухаддир дар ҳоли тағйир аст.
“Нашъаҷаллобон бар ивази хариду фурӯши маводи мухаддири табиӣ истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддири синтетикиро ба роҳ монданд. Сабаби асосии зиёд шудани маводи нашъаовари синтетикӣ, аз ҷумла метамфетамин, машҳур гардидани он дар миёни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон алоқамандӣ дорад”, - гуфт Самад Зафар Тағой.
Вай афзуд, нашъаҷаллобон ё қочоқбарон бинобар афзудани талабот ба маводи нашъаовари синтетикӣ онро бар маводи нашъаовари гуруҳи бангдона тавҷеҳ мекунанд.
“Сабаб ҳам ин аст, ки ин қабил мавод бо заҳмати кам ба даст меояд, аммо даромади зиёд дорад. Ин раванд дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад ва ин ҳам ки дар саросари ҷаҳон лабораторияҳои ғайриқонунӣ арзи андом карда, тавлиди маводи нашъаовари синтетикиро бамаротиб зиёд намудаанд”, - гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовар.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, соли гузашта мақомоти зидахли кишвар 4 тону 381 килову 365 грам маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки дар қиёс бо соли 2023 901 килову 449 грам кам аст.
Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноёти маводи мухаддир дар Русия боздошт шуданд
Ин миқдор маводи мухаддирро вазорати корҳои дохила (2 тону 780 кило), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (1 тону 94 кило), Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон (504 килову 353 грам), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (1 килову 157 грам) ва Хадамоти гумрук (1 килову 200 грам) мусодира кардаанд.
Он гуна ки дида мешавад, мусодираи маводи мухаддири табиӣ беш аз 900 кило коҳиш ёфтааст, аммо бино ба иттилоои Агентӣ, ки як гуна нақши ҳамоҳангсози мубориза алайҳи гардиди ғайриқонунии маводи мухаддирро дар миёни сохторҳои қудратӣ иҷро мекунад, мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ ба 101 кило баробар шудааст, ки дар қиёс бо соли 2023 41 кило ё 59% бештар аст.
Мақомоти масъули Тоҷикистон соли гузашта 17 ҳазору 871 ҳаб мусодира кардаанд, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2023 4 ҳазору 194 ҳабро ташкил медод, яъне 13 ҳазору 677, ё қариб 3,5 баробар бештар ҳаби маводи мухаддири синтетикӣ мусодира шудааст.
Бино ба маълумоти мутахассисон, барои ҳосил кардани 1 кило метамфетамин 10 кило ҳеройин зарур аст.

Боз Афғонистон

Дар Тоҷикистон ягон намуди воситаҳои нашъадор кишт ва истеҳсол намешавад. Аз додаҳои Агентии назорати маводи нашъаовар бармеояд, ки вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ба вазъи Афғонистон пайванди мустақим дорад ва мавориди зиёди қочоқи маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва мусодираи он дар навоҳии марзӣ ба назар мерасад.
Бино ба иттилоъи Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти зидахли Тоҷикистон дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тону 824 килограмм маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки ҳаҷми он 41,6% мусодираи ҷумҳуриро ташкил мекунад.
"Кӯкнор-2024": Мусодираи беш аз як тонн маводи мухаддир давоми шаш моҳ дар Тоҷикистон
Аз ҷумлаи мавориди барҷаста, мусодираи 121 килограм метамфетамин дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст, ки ба Чин интиқол меёфт. Қаблан расонаҳо аз рақами 800 кило навишта буданд. Масъулини Агентии назорати маводи нашъаовар ин мавридро таъйид карданд, аммо гуфтанд, ки маълумоти бештар дар ихтиёри Прокуратураи генералии Тоҷикистон аст.
Бино ба иттилои Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ (UNODC) соли 2024 кишти кӯкнор дар Афғонистон 19% афзойиш ёфта, 12,8 ҳазор гектарро ташкил додааст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ин нуктаро зикр кард, ки афзойиши кишти кӯкнор бештар дар вилоятҳое сурат гирифтааст, ки ҳаммарзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
“Дар вилоятҳои шимолу шарқии Афғонистон - Балх, Боғис ва Бадахшон, ки бо Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳаммарз ҳастанд, майдони кишти тарёк се баробар афзуда, ба 7 ҳазору 563 гектар расидааст”, - гуфт Самад Зафар Тағой.
Вай афзуд, дар худи Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя низ мусодираи метамфетамин афзойиш ёфтааст, ки аксаран тавлиди Афғонистон ҳастанд.
“Кишварҳои тавлидкунандаи маводи мухадддир бо мақсади қонеъ намудани талаботи бозори истеъмолкунандагон лабораторияҳои ғайриқонуниро барои истеҳсоли маводи нашъаовари синтетикӣ, аз қабили метамфетамин, MDMA, мефедрон, фентанил, алфа PVP ва дигар намудҳои он ҳар чӣ бештар ба роҳ монда истодаанд”, - гуфт директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон.
Вай афзуд, чунин раванд хатар ба Осиёи Марказӣ, хусусан, ба кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарзро торафт меафзояд.