“Соли нобоби 2024”: чаро нақшаи пахта иҷро нашуд?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабабҳои иҷрои нашудани нақшаи пахта дар соли 2024 – ро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Ҳукумат ба пахтаи бештар ниёз дорад, аммо кишоварзон фароҳам кардани он на фақат ки камоӣ мекунанд, балки пахтаро зироати бесуд мехонанд.
Агар ба додаҳои омор бингарем, соли 2024 дар таърихи пахтакории Тоҷикистон як соли бесобиқа бебарор будааст. Бино ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли гузашта тибқи Қарори ҳукумати Тоҷикистон дурнамои истеҳсоли пахта 434,9 ҳазор тон пешбинӣ шуда буд, аммо ҳамагӣ 253,3 ҳазор тон тавлид шуд, ки ин рақам 58,2% - и нақша ва ҳатто дар қиёс бо соли 2023 (344,3 ҳазор тон) 26,5% кам аст.
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта майдони кишти пахта ба 175 ҳазор гектар васеъ шуд, аммо ҳосили кам ба даст омад ва дар маҷлиси васеъи ҳукумат низ эродҳо садо доданд.
“Худи раҳбари давлат эрод гирифтанд ва дастуру супориш доданд, ки дар соли 2025 ба кишти пахта эътибор диҳем”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Воқеан, соли гузашта дар умум Тоҷикистон 268,3 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзӣ содир кардааст, ки аз ин 100,5 ҳазор тон, ҳудуди 25% - ро нахи пахта ташкил медод. Аммо содироти нахи пахта низ дар қиёс бо соли гузашта ҳудуди 9, 2 ҳазор тон коҳиш ёфтааст.
Дар Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нашуд сабаб дар чист?
Вазири кишоварзии Тоҷикистон сабаби коҳиши ҳосили пахта дар соли 2024 – ро ба тағйирёбии иқлим рабт дода гуфт, ҳам мавсими кишт ва ҳам мавсими ҷамъоварӣ дар пайи боронҳои мудаввом тӯл кашиданд.
“Дар саросари кишвар дар пайи боришот кишти пахта аз охири моҳи март қариб ки то нисфи моҳи май то 65 рӯз идома ёфт, дар ҳоле ки кишти пахта бояд тайи 10 то 15 рӯз анҷом ёбад. Тирамоҳ дар вақти ҷамъоварӣ низ вазъ ҳамин буд, бахусус, боришоти моҳи ноябр таъсири худро расонд”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Ба ҳамин минвол, ба гуфтаи вазири кишоварзӣ, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон аз 33 ноҳияи пахтакор фақат се ноҳия – Дӯстӣ, Леваканд ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон нақшаи пахтаро иҷро карданд.

“Соли вазнин”

Деҳқонон соли 2024 – ро як “соли нобоб” арзёбӣ мекунанд, ки ҳатто дар ҷаҳон гармтарин соли таърих унвон шудааст: ҳарорати ҳаво бори аввал 1,5 дараҷа гармтар аз баландтарин нишондод будааст. Бахусус, дар навоҳии марзии Тоҷикистону Афғонистон ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 11-12 август ба 69% дараҷа мусбат расидааст. Вазъи бадтаринро навоҳии Панҷу Дӯстии вилояти Хатлон доштанд.
Шамсиддин Холиқов, пахтакоре аз ноҳияи Панҷ, мегӯяд, моҳи апрел пахтаро кишт кард, аммо ҳаво гарм омад ва миёнаҳои моҳи июн вақте пахта гул кард, ӯ онро об дод.
“Се рӯз об додам ва ба ин фикр будам, ки гармии ҳаво поён меояд ва ниҳол аз рӯи як эътидол рушд мекунад. Аммо ҳаво гармтар шуд ва ниҳол зуд рушд кард. Пахтаро сарчин кардем, ки гармсер омад ва шона, чизе ки кӯрак мешавад, рехт. Иштибоҳи мо ин буд, ки обро барвақттар ва дар вақти нобоб додем”, - гуфт Шамсиддин Холиқов.
"Маҳсулоти стратегӣ": кишти пахта дар Тоҷикистон – арқом
Дар ҳамин ҳол, вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дар навоҳии Дӯстӣ, Ҷайҳун, Леваканд ва Данғара аз усули парвариши зери плёнка ва обёрии қатравӣ кор гирифтанд ва ҳосили беҳтарро ба даст оварданд.
“Плёнка намнокиро нигоҳ медорад ва рушди рустаниро фароҳам месозад, сабзиши саривақтиро таъмин мекунад, дар ҳолати боронҳои пайдарпай ва зиёдшавии намнокӣ, ҳарорати заминро нигоҳ медорад ва аз равандҳои анаэробӣ ҷилавгирӣ мекунад. Дар дигар заминҳо агар қабати болоӣ аз намнокӣ сафолак бандад, дар ин усул чунин иттифоқ намеафтад ва пахта хуб афзойиш меёбад”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай афзуд, дар усули обёрии қатравӣ низ ҳам об сарфа мешавад ва ҳам рустанӣ хуб афзойиш меёбад.

Кишти иҷборӣ ва бефоида

Пахта як тавлиди муҳим ва стратегӣ барои Тоҷикистон аст. Он дар пешрафти саноат ва ҳалли мушкили шуғли аҳолӣ хеле муҳим аст ва низ яке аз маҳсулоти содиротии асосии кишвар ба шумор меравад.
Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, 61% мардуми Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, умдатан, пахтакорӣ машғуланд ва 20% - и Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) давлат аз ҳисоби кишоварзӣ аст. 22% ҳаҷми содироти хориҷии кишварро низ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла қариб аз се як ҳиссаи онро пахта ташкил мекунад.
Бо он вуҷуд ки мақомот мегӯянд, пахта зироати стратегӣ ва барои саноату содирот муҳим аст, деҳқонон мегӯянд, кишти пахта суди кам дорад, аммо мақомот аз онҳо тақозо мекунанд, ки ҳатман пахта кишт кунанд.
Пахта кам чида шуд: Мақомот гуфт сабаби камҳосилӣ дар чист
Як пахтакор аз шаҳри Турсунзода, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, мақомоти маҳал аз ӯ хостаанд, ки аз се ду ҳиссаи заминашро ҳатмӣ пахта корад.
“Ман се гектар замин дорам. Омаданду гуфтанд, ки ду гектарашро пахта кишт кунам. Барои ман кишти сабзавот ё гандум бамаротиб судовар аст. Чанд бор пахта киштем, харҷамон баробар шуд, аммо фоида надод. Дигар ин ки пахта хеле меҳнат талаб мекунад”, - гуфт ин нафар.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, пахта ҳеҷ гоҳ зиёновар нест, агар ҳосили хуб ба даст ояд.
“Агар шумо аз гектар 15-20 тон гирифтед, зиён намебинед. Вақте фоида мебинед, ки аз 30 сентнер боло ҳосил гирифтед”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Вай афзуд, дар қонунгузории Тоҷикистон ба сароҳат омадааст, ки деҳқон дар истифодаи замин, тавлид, нигаҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот озод аст.
“Тибқи моддаи 29 – и Кодекси замин ва Қонуни хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон ҳукумат ҳуқуқи дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро надорад”, - гуфт вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Чӣ бояд кард?

Вазири кишоварзӣ бо эътирофи мушкилоти мавҷуда ва аҳамияти пахта дар иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, деҳқононро намешавад бо мушкилоташшон раҳо кард ва ҳам намешавад фақат ба ин далел ки кишти пахта фоида надорад, аз он даст кашид.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба пахтакорӣ: заҳмат зиёду ҳосил кам шудааст – видео
“Мо бояд пурра дигаргунӣ орем, чӣ аз лиҳози техникӣ ва чӣ аз лиҳози ҳавасманд кардани деҳқонон. Агар деҳқон ҳавасманд набошад, дигар роҳҳо, аз ҷумла фармонравоӣ, мушкилро ҳал намекунад. Солҳои Шӯравӣ, масалан, барои пахтачинӣ аз берун нерӯи корӣ ҷалб мешуд, аз ҷумла донишҷӯён, хонандагон, кормандони давлатӣ ба кӯмак мерафтанд, ҳоло худи соҳиби замин ҳамаро бояд ҷамъ кунад. Соли гузашта деҳқонон маҷбур шуданд, ки барои чидани пахта сари кило 2 то 2,5 сомонӣ пардохт кунанд”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Бино ба иттилои ӯ, Корхонаи “Агролизинг” қарор аст 100 адад мошини бзргар (сеялка)-ро барои кишти зеринаворӣ (пленкаӣ) ворид кунад ва ширкати “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор истеҳсоли молаҳои махсус барои ҳамворкунии заминро ба роҳ монад.