ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши нархи хона дар Тоҷикистон, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, хабар дод.
Ба гуфтаи вай арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона дар ҷумҳурӣ ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 705 доллари амрикоӣ (тақрибан 7812 сомонӣ) - ро ташкил кардааст.
Низом Мирзозода гуфт, ҳоло арзиши ҳар метри мураббаъ манзил дар пойтахт ба ҳисоби миёна 780 доллари Амрико (8470 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Вай таъкид кард, ки нархи хона дар ҷумҳурӣ гарон шудааст ва ин аз харҷи ширкатҳои сохтмонӣ ва талаботи бозор вобаста аст.
"Вобаста ба ҷойгиршавии ин ё он иншоот нархҳо тағйир меёбанд. Нарх дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Вобаста аз хараҷоте, ки соҳибкор мекунад. Имрӯз ба ҳисоби миёна 705 доллари Амрико дар сатҳи ҷумҳурӣ, 780 доллар дар Душанбе аст," – гуфт Низом Мирзозода.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода иншоотҳое, ки дар Тоҷикистон сохта мешаванд, бо назардошти шароити хуби зиндагӣ тарҳрезӣ шуда, пешкаши сокинон мешаванд. Имконияти харидории шаҳрвандон низ васеъ шудааст, аз ин рӯ соҳибкорон низ аз ин истифода бурда, баъзан нархҳоро ба таври худашон мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки соле пеш раиси ин ниҳод гуфта буд, ки як метри мураббаъ хона дар шаҳри Душанбе қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст.
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ки давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.