Хуруҷи зардпарвин зиёд шудааст, метапневмавирус нест: Шарҳи вазъи эпидемиологӣ дар Суғд

Давоми соли 2024 дар вилояти Суғд ҳудуди се ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба бемории зардпарвин сабт шудааст, ки ин нисбат ба як соли гузашта 590 ҳолат зиёд аст
Sputnik
Дар ин бора Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатӣ ва санитарию эпидемиологии Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ, гуфт, дар соли сипаришуда дар умум 15 384 мавриди бемориҳои сироятӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 287 (2, 3%) зиёд аст.
Директори МНДСЭ Суғд зикр кард, ки бемориҳои хавфноки тезпаҳншаванда ба монанди вабо, тоун, гулизиндонак, домана ва табби хунин ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Суғд гуфтанд, муҳоҷирони меҳнатӣ манбаи сирояти ВНМО ҳастанд
“Паёмакҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди гуё дар кишвари мо бемории метапневмавирус, ки имрӯз дар кишвари Чин ва як қатор кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон расман ба қайд гирифта шудааст, паҳн гардидааст ягон асоси воқеӣ надорад” – шарҳ дод, Раҳмонзода.
Ин масъули Идораи СЭС хуруҷи бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафас ва зардпарвинро идорашаванда номида гуфт, ки вазъи эпидемиологӣ дар шимоли Тоҷикистон муътадил аст.