Фирор пешгирӣ шуд: Дар зиндони Ваҳдат маҳбусон ба зиндонбонҳо ҳамлаи маргбор анҷом доданд

Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндони рақами №3/2-и дар шаҳри Ваҳдат нооромие сар зада, дар натиҷаи он се маҳбус кушта ва се муҳофиз захмӣ шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран дар изҳороте гуфт, ки рӯзи 3-юми феврал як гурӯҳ аз маҳбусон бо ҳадафи"қатлу фирор" бо "асбобҳои худсохти халандаю буранда" ба зиндонбонҳо ҳамла кардаанд.
Дар ин бора Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
“Гурӯҳи 9-нафараи маҳбусони Муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда, ба кормандони масъул – нигаҳбонҳои муассисаи ислоҳотӣ ҳуҷуми ҳалокатовар карданд”, - қайд кардааст вазорат.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҳамла, 3 нафар корманд, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии хеш машғул буданд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба ҳамлагари муфтии Тоҷикистон то 7 соли зиндон таҳдид мекунад
“Маҳбусон ба талаботи қонунии маъмурияти муассиса итоат накарда, бо истифода аз кордҳои худсохти оҳанини нӯгтез ва халанда, аъмоли ҷинояткоронаи худро бидуни даъвою шартгузорӣ давом доданд ва талош карданд, ки сарбозони ҳифозатии муассисаро ба қатл расонида, фирор намоянд”, - гуфта шудааст дар изҳороти вазорати адлия.
Манбаъ қайд кардааст, ки муҳофизон тибқи қонун ва дастурамали хизматӣ амал намуда, маҷбур гаштанд, ки дар муқобили ҷинояткорон аз силоҳи оташфишон истифода баранд.
“Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд”, - хабар додааст вазорати адлия.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ба захмбардоштагон саривақт ёрии тиббӣ расонида шуд. Вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мегардад.
Раҳимзода бо Колоколтсев ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони Суровикинро баррасӣ кард
Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир низоми нигаҳдошт ва ҳимояи муассиса пурра барқарор гардид.
Ёдовар мешавем, ки шаш сол пеш дар ҳамин зиндон дар шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Дертар ДОИШ* ё созмони террористии “Давлати исломӣ”* масъулиятро пазируфт.
Аз он қабл дар маҳбаси Хуҷанд (соли 2018) низ ошӯбе сар зад, ки 21 кушта барҷой гузошт.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.
*-гурӯҳи тундгарое, ки дар Русия ва дигар кишварҳо террористӣ эълон шудааст.