ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати асъори русӣ дар қиболи арзи миллӣ боло рафтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 115,3 сомонӣ қимат дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин болотарин нишондиҳанда сар аз аффали соли ҷорист.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9242 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9252 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ каме поин рафта, ҳар евро 11,3382 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,3579 сомонӣ медоданд.
Ёдовар мешавем, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон карда буд.
Охирин уфти башиддати рубл 28 ноябр сабт шуда буд. Он замон дар Тоҷикистон 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон он замон бо шарҳи вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.