Наврӯзи имсол дар Суғд таҷлил мешавад

Иттилоъ дар мавриди таҷлили ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Суғдро дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Интизор меравад Наврӯзи имсола бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат дар вилояти Суғд таҷлил гардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.
"Дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аст, соли равон ҷашни Наврӯзи байналмилал дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуд, ки омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз ҳоло оғоз ёфтааст ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон ба ин хотир бо як сафар ба Суғд ташриф оварданд.
Раиси вилояти Суғд шахсан бо намояндагони фарҳанги Ӯзбекистону Қирғизистон мулоқот баргузор кард.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар ҷашни имсолаи Наврӯз барномаи театрикунонидашуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши таомҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои хоси наврӯзӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони се кишвар доир мегардад.
Котиботи раиси вилояти Суғд хабар дод, ки ҳадаф аз мулоқоти намояндагони вазоратҳои фарҳанги се кишвар пеш аз ҳама тарҳрезии нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз, дар мувофиқа таҳия намудани сенария ва дигар тадбирҳои марбут ба ҷашни Наврӯз мебошад.
Раҳмон Пизишкиёнро дар ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват кард
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро низ ба таҷлили имсолаи Наврӯз даъват кард.
Президент дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Эрон аз Масъуд Пизишкиён ва кулли соҳибкрону тоҷикистону Эрон даъват намуд, ки барои таҷлили Наврӯз ба Тоҷикистон оянд.