ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар соли 2024 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. 541,3 ҳазор тонна ворид гардидааст.
Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ ин ҳаҷми воридгардида, нисбат ба соли 2023, дар ҳаҷми 128,8 ҳазор тонна ё 9,1% зиёд мебошад.
Ҳамчунин ин вазорат хабар додааст, ки воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 267 млн. м3-ро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 47,1 млн. м3 ё 21,4 % зиёд мебошад.
Вазорати энергетика хабар додааст, ки худи Тоҷикистон дар соли 2024 16 136,9 тонна нафт ва 362,4 ҳаз. м3 гази табиӣ истихроҷ кардааст.
Таъминкунандаи асосии мол ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" будааст, ки 45% аз ҳаҷми умумии ин маводи сӯхти воридотӣ ба он рост меояд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистону Русия имкони коркарди муштараки конҳои нафту гази ин ҷумҳурӣро баррасӣ мекунанд.
Ин мавзӯъро сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе баррасӣ карданд.