Партовгоҳи “Табашар - 3” дар шаҳри Истиқлол яке аз чунин партовгоҳҳо аст, ки бо маблағгузории Русия руйпуш карда шавад. Дар ин бора Қайюм Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло дар ин самт корҳои лоиҳакашӣ идома дорад.
“Чанде пеш намояндаҳои ширкати Росатом сафари корӣ анҷом доданд. Қарор аст то поёни соли ҷорӣ ҳам партовгоҳи “Табашар – 3” ва ҳам партовгоҳи дар шаҳраки Адрасмон мавҷуд буда бо маблағгузории Федератсияи Русия руйпуш карда хоҳад шуд” – гуфт, раиси шаҳри Истиқлол.
Қайюм Маҳмудзода зикр кард, ки дар замони Шӯравӣ дар шаҳри Истиқлол (Табашар) коркарди уран ба роҳ монда шуда буд ва чунин корҳо дар масофаи 250 га ҷараён мегирифт.
Баъди барҳам хурдани давлати Шӯравӣ ин корҳо боз монд.
Дар соли 2023 бузургтарин партовгоҳи радиоактивӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастгирии Федератсияи Русия ва корпоратсияи Росатом пурра безарар гардонида шуд.
Ба ин тартиб ҳоло чаҳор партовгоҳи радиоактивӣ дар шаҳрҳои Адрасмону Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ниёз ба руйпушкунӣ доранд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гӯристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Востокредмет", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон (Чкалови пештара) , дар қарни гузашта ба вуҷуд омада, дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Чунин майдонҳо дар солҳои 1945-1970 дар доираи коркарди уран сохта шуда буданд.