Аз 5 феврал феҳристи электронии шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар Русия иқомат доранд, ба кор шурӯъ мекунад.
Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Дмитрий Ярошенко, номзади улуми ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшинос дар умури муҳоҷират, гуфт рӯйхати мазкур бар асоси вазорати корҳои дохилӣ тартиб дода мешавад.
"Аз 5 феврал имкон пайдо мешавад, ки тавассути дархости расмӣ бо истифода аз маълумоти шиноснома ба муҳоҷир дар феҳрист буданаш ё набуданаш дастрас мегардад. Инро метавон тавассути сомонаи ВКД Русия анҷом дод. Барои мисол, феҳрист он шахсонеро дар бар мегирад, ки дарРусия қонуншиканӣ кардаанд”, - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, ба феҳрист афроде шомил хоҳанд шуд, ки ду ва бештар ҷарима доранд ва мамнӯъияти вуруд, яъне иҷозати вуруд ба Русияро надоранд.
Коршинос Ярошенко кайд кард, ки навоварӣ дар қонун акнун ба режими истиқомати шаҳрвандон дахл дорад.
"То 1 январ режими 90 барои 180 рӯз вуҷуд дошт. Ҳоло режими 90 барои як соли тақвимӣ, яъне соли 2025 амал мекунад. Мутаносибан, шахсоне, ки бо вуруди хусусӣ ворид мешаванд, дар ин маврид шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ин режими 90-ро дар соли тақвимӣ риоя кунанд ва онро, масалан, бо гирифтани патент тамдид кунанд", - қайд мекунад ҳуқуқшинос.
Тағйироти муҳими дигар қабули фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳост. Аз 1 апрел кӯдакон бояд дониши забони русиро тасдиқ кунанд ва ба таври қонунӣ дар Русия иқомат кунанд.
"Яъне, агар кӯдак ғайриқонунӣ иқомат дошта бошад, мутаносибан вай низ ҳамроҳ бо намояндаи қонунии худ ба ин феҳрист ворид карда мешавад", - тавзеҳ медиҳад Ярошенко.
Барои маълумоти бештар дар бораи ин ва дигар навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Русия, ба видеои назар андозед.