Зодаи Тоҷикистон дар сабти тақаллубии муттаҳамони ҳамла ба "Крокус" гунаҳкор дониста шуд

Сокини Твер Салоҳиддин Ашӯров муттаҳамон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Крокус Сити Ҳоллро дар манзилаш сохта ба қайд гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Додгоҳ сокини Твер Салоҳиддин Ашӯровро дар 14 парвандаи сабти номи қалбакӣ гунаҳкор донист.
Аз ҷумлаи далелҳо сабти ном шудани муттаҳамон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Ҳолл бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳост*, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба маводи додгоҳ.
Тибқи маводи судӣ, зодаи Тоҷикистон Ашӯров "дар содир намудани 14 ҳодисаи бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони Федератсияи Русия дар бинои истиқоматӣ дар Федератсияи Русия гунаҳкор дониста шуд".
Қазияи “Крокус”: Боз 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати террористҳо дар Русия ворид шуданд
Маълум аст, ки додгоҳи ноҳияи Маскави Твер ҳанӯз дар моҳи апрели соли 2024 боздошти мардеро, ки ба сабти номи қалбакӣ муттаҳам шуда буд, эълон кард. Маҳз дар хонаи ӯ оилаи Исломовҳо* сабт карда шудаанд. Ашӯров моҳи апрел ба гуноҳаш иқрор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо - падар ва ду писаранд. Диловар соҳиби мошини Renault Symbol будааст, ки террористон бо он аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Вай ин мошинро дар моҳи феврал фурӯхт, аммо полиси суғуртаро иваз накардаст. Ҳеҷ кадоме аз Исломовҳо худро гунаҳкор намедонанд.

Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид. Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст. Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус бори дигар тамдид шуд
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
* Ба феҳристи террористон ва экстремистҳо аз ҷониби Росфинмониторинг дохил карда шудааст.