ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маводи дорувориро боз ҳам сахттар санҷиш хоҳанд кард.
Қарори дахлдор дар ҷаласаи Шӯрои ИИАО қабул шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ҳамин тариқ, ба Қоидаҳои гузарондани тадқиқот оид ба доруҳои биологӣ ду боби нав илова карда шуд.
Гуфта мешавад, ки онҳо таҳия, омодасозӣ, тасдиқ ва назорати сифати доруҳоро танзим хоҳанд кард.
Илова бар ин, самаранокӣ ва бехатарии доруҳои баландтехнологӣ дар асоси ҳуҷайраҳои соматикии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаи санҷида мешавад.
Ин доруҳои махсуси зидди варамро дар бар мегирад, ки дар асоси Т-лимфоситҳои кушанда коркард шудаанд.
Онҳо имкон медиҳанд, ки шаклҳои варамҳои ба дигар доруҳо тобоварро табобат кунанд.
Қаблан маълум буд, ки номгӯи доруворӣ дар кишварҳои ИИАО васеъ мешавад.
Тартиби нави бақайдгирии доруҳо дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кор хоҳад кард. Вай имконият медиҳад, ки номгӯи доруҳои дар мамлакатҳои иттиҳодия истифодашаванда васеъ карда шавад.