ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Солгарди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар намояндагии он дар Душанбе чашн гирифта шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Донишҷӯён ва хонандагони литсей бахшида ба 270-солагии таъсисёбии донишгоҳ консерти дурахшони идона пешкаш намуданд.
Илова бар ин, донишҷӯён Рӯзи донишҷӯёнро, ки дар Федератсияи Русия анъанавӣ 25 январ ҷашн гирифта мешавад, таҷлил карданд.
Маълум аст, ки меҳмонони фахрии чорабинӣ вазир-мушовири Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская ва аъзои намояндагии дипломатӣ буданд.
Хуторская саҳми бузурги намояндагиро дар таҳкими ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон қайд намуда, инчунин ҳайати донишгоҳро бо ҷоиза – ордени "Барои меҳнати бошуҷоат", ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин қадрдонӣ шудааст, табрик гуфт.
Қаблан маълум шуд, ки соли таҳсили 2023-24 филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи В. Ломоносовро дар Душанбе 113 нафар хатм кардаанд.
Дар донишгоҳ аз рӯи 6 самт мутахассис тайёр карда мешавад, гуфт директори иҷроияи донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ.
Барномаҳои таълимӣ тибқи стандартҳои таълимии Тоҷикистону Русия амалӣ мешаванд, афзуд Рустам Ғаниев.