Чорабинии мазкур силсилаи чорабиниҳои ватандӯстонаро дар шимоли Тоҷикистон, бахшида ба 82-солагии рахна аз муҳосираи Ленинград (18 январи 1943) ва 81-умин солгарди аз муҳосираи фашистӣ пурра озод кардани Ленинград (27 январ) ифода мекунад.
Меҳмонони ин чорабинӣ воқеаҳои таърихиеро, ки 81 сол муқаддам (18 январи соли 1944) руй дода буд, ба хотир меоранд, ки баъди муборизаи шадид муҳосираи Ленинград барҳам дода шуд.
Омӯзгорони мактабҳо, ки бо шогирдонашон ба Хонаи русӣ меоянд, таъкид мекунанд, ки баргузории ин намоишгоҳ дарси бузургест, ки таҷассумгари мардонагӣ, садоқат ва ватандӯстӣ мебошад.
Мактаббачагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо пас аз дидани аксу нақшҳо дар бораи ин рӯйдоди муҳими таърихӣ бисёр далелу рақамҳои муҳимро омӯхтанд.
Намоишгоҳ то охири моҳи январ дар Хонаи русҳо дар Хуҷанд идома хоҳад кард.