Трамп гуфт, ки дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ фалокатбор хоҳад буд

Раисҷумҳури нави Иёлоти Муттаҳида изҳори умедворӣ кард, ки танишҳои бо Эрон доштаашон бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Президенти Амрико Доналд Трамп аз шарҳи имкони аз байн бурдани таъсисоти ҳастаии Эрон худдорӣ кард, аммо гуфт, ки ба Теҳрон иҷоза намедиҳад, ки силоҳи ҳастаӣ эҷод кунад, зеро дар ин сурат дигарон ба он даст мезананд ва баъдан фалокат рӯй хоҳад дод.
"Ман мехоҳам, ки онҳо як кишвари бузург бошанд. Онҳо дорои зарфиятҳои бузурганд. Мардуми аҷибанд. Ягона чизе, ки ман дар бораи Эрон мегӯям, ин аст, ки онҳо наметавонанд силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Fox News.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Амрико, агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, дигарон низ ба он даст мезананд ва баъдан “фалокат” рӯй медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Трамп аз шарҳи эҳтимоли аз байн бурдани иншооти ҳастаии Теҳрон худдорӣ кард ва гуфт, ки "ман ин корро карда наметавонад".
Ӯ афзуд, ки умедворас, ки танишҳо бо Эрон бо роҳи дипломатӣ ҳал шаванд.
Эрон бояд доктринаҳои ҳастаӣ ва низомияшро тағир диҳад, гуфтанд дар парлумон
Дар ҳамин ҳол, дар миёнаҳои моҳи январ раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён дар мусоҳиба бо телевизиони NBC News гуфт, Теҳрон ҳадафи эҷоди силоҳи ҳастаиро надорад.
Қаблан рӯзномаи Financial Times бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки маъмурияти нави Амрико мехоҳад қабл аз афзоиши фишор болои Теҳрон бо роҳи дипломатия дар Эрон кор кунад.
Ба навиштаи нашрия, Трамп ба Стив Виткофф, намояндаи вижаи Ховари Миёна дастур медиҳад, то равобити Вашингтон бо Эронро баррасӣ кунад.
Axios гузориш дод, ки дипломатҳои аршади Фаронса, Олмон, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо дар Женева бо ҳамтоёни эронии худ дидор ва барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ карданд.
Дипломатҳои аврупоӣ ба ин расона гуфтанд, ки эрониҳо возеҳ гуфтаанд, ки мехоҳанд музокирот дар бораи созиши нави ҳастаӣ, ки аз созишномаи соли 2015, ки Трамп дар соли 2018 даст кашида буд, фарқ кунад, аз сар бигиранд.
Як дипломати аврупоӣ ба Axios гуфт, эрониҳо аз аврупоиҳо хостаанд, ки ин паёмро ба Вашингтон бирасонанд ва афзуданд, ки онҳо мунтазири нақша ё пешниҳоди Амрико ҳастанд.